БОЗТОБИ БАДЕИИ МУҲИТИ ИҶТИМОӢ ДАР АШЪОРИ ФАРЗОНАИ ХУҶАНДӢ

Аннотация

Дар ин мақола бозтоби бадеии фарҳанги маънавии миллӣ, таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, “маданияти оммавӣ”, сӯистифода аз технологияи муосир, хоссатан рақамӣ-компютерӣ шудани сиришти илоҳии бани башар дар ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст.

Тип источника: Журналы
Годы охвата с 2023
inLibrary
Google Scholar
doi
Выпуск:
Отрасль знаний

Скачивания

Данные скачивания пока недоступны.
Поделиться
Мирзоев , М. ., & Ахмадҷонов , П. . (2025). БОЗТОБИ БАДЕИИ МУҲИТИ ИҶТИМОӢ ДАР АШЪОРИ ФАРЗОНАИ ХУҶАНДӢ. Interpretation and Researches, (13(59). извлечено от https://www.inlibrary.uz/index.php/international-scientific/article/view/121964
Масудҷон Мирзоев
муаллими калони кaфeдрaи зaбoншинoсии Дoнишгoҳи дaвлaтии Фaрғoнa, дoктoри фaлсaфa oид бa фaнҳoи филoлoгӣ (PhD).
Парвизҷон Ахмадҷонов
муаллими кaфeдрaи зaбoншинoсии Дoнишгoҳи дaвлaтии Фaрғoнa
0
Цитаты
Crossref
Сrossref
Scopus
Scopus

Аннотация

Дар ин мақола бозтоби бадеии фарҳанги маънавии миллӣ, таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, “маданияти оммавӣ”, сӯистифода аз технологияи муосир, хоссатан рақамӣ-компютерӣ шудани сиришти илоҳии бани башар дар ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст.


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 13 (59) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

95

БОЗТОБИ БАДЕИИ МУҲИТИ ИҶТИМОӢ ДАР АШЪОРИ ФАРЗОНАИ

ХУҶАНДӢ

ФАРЗОНА ХЎЖАНДИЙ ШЕЪРЛАРИДА ИЖТИМОИЙ МУҲИТНИНГ

БАДИИЙ АКС ЭТИШИ

ХУДОЖЕСТВЕННОЕ ОТРАЖЕНИЕ СОЦИАЛЬНОЙ СРЕДЫ В ПОЭЗИИ

ФАРЗОНЫ ХУДЖАНДИ

THE ARTISTIC REFLECTION OF THE SOCIAL ENVIRONMENT IN THE

POETRY OF FARZONA KHUJANDI

Мирзоев Масудҷон Кимсанович

муаллими калони кaфeдрaи зaбoншинoсии

Дoнишгoҳи дaвлaтии Фaрғoнa, дoктoри

фaлсaфa oид бa фaнҳoи филoлoгӣ (PhD).

masudmirzayev@gmail.com

Ахмадҷонов Парвизҷон Махамадзода

муаллими кaфeдрaи зaбoншинoсии

Дoнишгoҳи дaвлaтии Фaрғoнa,

parviz95axmadjonov@gmail.com


Aннoтaтсия:

Дар ин мақола бозтоби бадеии фарҳанги маънавии миллӣ,

таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, “маданияти оммавӣ”, сӯистифода аз технологияи
муосир, хоссатан рақамӣ-компютерӣ шудани сиришти илоҳии бани башар дар
ашъори Фарзонаи Хуҷандӣ мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст.

Annotatsiya:

Ушбу мақолада Фарзона Хўжандий шеърларида миллий

маънавий маданиятнинг бадиий акс этиши, глобаллашувнинг салбий таъсири,
“оммавий маданият”, замонавий технологиялардан, айниқса рақамли-
компьютерлашган воситалар орқали инсоннинг илоҳий фитратининг бузилиши
масалалари тадқиқ ва таҳлил қилинган.

Aннoтaция:

В данной статье исследуются и анализируются

художественное отражение национальной духовной культуры, негативное
влияние глобализации, «массовая культура», злоупотребление современными
технологиями,

в

особенности

цифрово-компьютерная

трансформация

божественной сущности человека в поэзии Фарзоны Худжанди.

Abstract:

This article investigates and analyzes the artistic reflection of national

spiritual culture, the negative impact of globalization, “mass culture,” the misuse of
modern technologies—particularly the digital-computerized transformation of the
divine essence of humanity—in the poetry of Farzona Khujandi.

Кaлидвoжaҳo:

фарҳанги миллӣ, ҷаҳонишавӣ, технологияи рақамӣ, каломи

бадеъ, “маданияти оммавӣ”, Фарзона, бозтоби бадеӣ, образ вa ғaйрa.


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 13 (59) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

96

Tayanch so‘zlar:

миллий маданият, глобаллашув, рақамли технология,

бадиий сўз (ё: бадиий ифода), "оммавий маданият", Фарзона, образ ва ...

Ключeвыe слoвa:

национальная культура, глобализация, цифровые

технологии,

художественное

слово,

«массовая

культура»,

Фарзона,

художественное отражение, образ и т. д.

Keywords:

national culture, globalization, digital technology, artistic expression

/ poetic language, "mass culture", Farzona, artistic reflection, image / literary image,
and so on.

СAРСУХAН

Муаррих ва этнографи маъруф Лев Гумилёв, таъсири муҳити табиӣ,

“геотсеноз ва сиотсинези “Ватан”-ро дар ташаккули гурӯҳҳои гуногуни этникӣ
таҳқиқ намуда, ба хулосе омадааст, ки Ландшафт – табиати маҳалли
истиқоматии одамон ба ҷараёни ташаккулёбии вижагиҳои гурӯҳҳои этникӣ
ҳатман таъсир мерасонад

11

. Пас, нақши муҳити этникиро дар ташаккулёбии

фарҳанги мардумӣ ва адабиёти миллӣ ба эътибор гирифтан мебояд. Зеро ҳар як

эҷодкор, аз ҷумла Фарзонаи Хуҷандӣ дар муҳити муайяни ҷуғрофӣ ва иҷтимоӣ
кору эҷод мекунад ва табиист, ки дар осори ӯ вижагиҳои ҷуғрофиё ва шебу
фарози фарҳанги маънавии ҷомеа инъикос меёбад. Вақте сухан аз бозтоби
муҳити зист дар ашъори шоир меравад, хоҳу нохоҳ ашъори иҷтимоии ӯ
мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор мегирад.

TAҲЛИЛИ MEТOДҲO ВA AДAБИЁТ

Дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла форсӣ-тоҷикӣ адиби соҳибзавқеро наметавон

пайдо кард, ки ба тасвири бадеии табиат напардохта бошад. Бино ба
андешаҳои адабпажӯҳон, “...корбурди шоиронаи анвои наботот ва гулу гиёҳон
дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, бавижа шоирони аҳли тасаввуф метавонад маонии
мармуз ва касрати эҷодии истилоҳоти ирфониро дар заминаи ин мафоҳим
таъмин намояд, ки Мавлонои Балхӣ аз пешгомони ин ҷодаи суханварӣ маҳсуб
меёбад

12

.

Вақте сухан аз бозтоби муҳити зист дар ашъори шоир меравад, хоҳу нохоҳ

ашъори иҷтимоии ӯ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор мегирад. Ин ё он ҷиҳати
ашъори иҷтимоии Фарзонаро бисёр назарияпардозони каломи бадеъ нақду
баррасӣ кардаанд.

13

Сурайё Ҳакимова - шоир ва муҳаққиқ доир ба ашъори

иҷтимоии Фарзона таҳқиқоти муфассалеро анҷом додааст.

14

Мо, дар ин мақола,

асосан шеърҳоеро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додаем, ки фарогири ин ё
он ҷиҳати фарҳанги мардумӣ буда, ҳадафи аслии шоир ҳифзи арзишҳои

11

Гумилёв. Л. Этнослар ва табиий муҳит. https://ziyouz.uz/ilm-va-fan/

12

Мусозода Ҳ.Таҷассуми рамзҳои ирфонии гулу гиёҳ дар ғазалиёти Мавлоно. https://cyberleninka.ru/article/n/

13

Мирзоюнус М. Осорномаи Фарзона. – Хуҷанд: ҶММ Хуросон, 2021

14

Ҳакимова С. Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ. – Хуҷанд: Ношир, 2018. – С. 106-118.


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 13 (59) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

97

фарҳанги маънавии миллӣ аз таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, “маданияти
оммавӣ”, сӯистифода аз технологияи муосир, хоссатан рақамӣ-компютерӣ
шудани сиришти илоҳии бани башар мебошад.

Ба сифати воситаи тасовири бадеъ ва ифодаи андешапардозиҳои орифона

ҳунармандона ба кор гирифтани ҷузъиёти ландшафти миллӣ дар ашъори
Фарзона зиёд ба назар мерасад ва метавон гуфт, ки шоир аз мактаби Мавлонои
Балхӣ баҳраҳои зиёд бардоштааст, байни шоирони кунунии тоҷик бо
эҷодкорона идома додани анъанаи суварнигориҳои орифона имтиёз дорад.

МУҲOКИМA ВA НAТИҶAҲO

Мо, дар ин мақола, асосан шеърҳоеро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор

додаем, ки фарогири ин ё он ҷиҳати фарҳанги мардумӣ буда, ҳадафи аслии
шоир ҳифзи арзишҳои фарҳанги маънавии миллӣ аз таъсири манфии
ҷаҳонишавӣ, “маданияти оммавӣ”, сӯистифода аз технологияи муосир,
хоссатан рақамӣ-компютерӣ шудани сиришти илоҳии бани башар мебошад.
Дар як силсила ашъори дардангези иҷтимоии Фарзона, аз қабили “Соқинома ё
чакомаи ваҳдат”, “Номаи даъват”, “Меҳроби сарнагун”, “Кӣ хушбахт аст?”,
“Зане радифи ранҷҳои ҷовидон”, “Гули Марям”, “Нигоҳполо”, “Фурсати
нигоҳ”, “Аз шикаст то нусрат”, “ Аз компутер то гандум”, “Дидор”,

15

“Имони

бисмил”, “Асорат”, “Девбод”, ”Кимиёи сабз”,

16

дар натиҷаи рӯ ба таназзул

ниҳодани фарҳанги аҷдодӣ сар задани мушкилоти моддиву маънавии ҷомеа
мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор гирифтаанд. Масалан, дар шеъри “Меҳрубонӣ чӣ
буд?” ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо тамоми ҷузъиёт ва манзараҳои дӯзахияш
ба тасвир омадааст. Қашшоқӣ, харобиҳои моддиву маънавӣ, сардиҳои асливу
маҷозӣ, бемеҳрӣ... Мардум меҳрро, ҷавҳари аслии фарҳанги чандҳазорсолаи
худро фаромӯш кардаанд. Бурду бохту ғаму шодии муҳити иҷтимоии шоир дар
ашъори ӯ бо андешаи густардаи бадеӣ, нигоҳи фарогир, ҳассосият ва дилсӯзии
ба Фарзона хос тасвир шудааст. Таваҷҷӯҳ кунед, шоир қатъ шудани таъмини
барқ ва салтанати торикиро чӣ гуна тасвир мекунад:

Шаб чӣ бераҳм аст,
Қандили исавияшро абрҳо дуздиданд.
Шамъ аз шеъри ниёкон ба зиндагонии мо кӯчид,
Кош дар шеъри ниёкон мемонд....
Аслан, зиштӣ ё зебоии муҳит, хубӣ ё бадии обу ҳаво дар бештарин маврид

ба ҳолу ҳавои рӯҳонии инсон вобаста аст. Рӯҳамон болида бошад, хандаи гулро
ва агар гирифта бошад, неши хорро мебинем. Вагарна, “аз шеъри ниёкон ба
зиндагонии мо кӯчид”-ани шамъ, ки аз маъмултарин ва пойдортарин образҳои

15

Фарзона. Ҳама гул, ҳама тарона. – Хуҷанд: Хуросон-медиа, 2014. Ҷилди 1. – С. 254, 264, 341, 343, 344, 368,

396, 443, 445, 454, 455.

16

Фарзона. Ҳама гул, ҳама тарона. – Хуҷанд: Хуросон-медиа, 2014. Ҷилди 2. – С. 93, 140, 163, 264.


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 13 (59) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

98

маъшуқа ва нуру рӯшаноӣ дар шеъри порсист, дили шоирро ин қадар ба дард
намеовард.

Шеъри “Тиҳӣ”- ро метавон ҳасратномаи дили меҳрубони шоир дар сари

болини фарҳанги беморшудаи мардумӣ номид. Шеъри мазкур тасвири
воҷеънигоронаи таъсири манфии “маданияти оммавӣ” ба фарҳанги миллӣ,
оқибатҳои нафратангези ғарбгароии зоҳирона мебошад.

Мо ҷавонии нодири худро дар раҳе чун сигори сӯхта мепартоем
ва фаромӯш мекунем.
Мо ҳусни содаро бо обу ранги кимиёӣ чун ҷумлаи мураккаб
душвор мекунем.
Мо нигаҳро ба тамошои ҳеч мебахшем....
Шаб, ки меояд,
Чароғакҳои шабкадаҳо барқ мезананд
бо хати зарнигори “Марҳамат намоед”.
Оре, барои куштани имон,
барои сӯхтани вақт,
барои издивоҷ кардан бо ҷаҳл марҳамат намоед.
...Мо пирии ларзонаки худро бо асочӯб
мекашонем ба сӯи масҷид
Ва ба ночор Худо мегӯем.
Тарс ҳодии роҳи мост, на ишқ...

17

Сӯистеъмол кардан аз дастовардҳои илму технологияи муосир низ ба

фарҳанги асил ва самимии мардумӣ халали ҷиддӣ ворид мекунад ва дар шеъри
“Аз компютер то гандум” тамоми даҳшати ин ҳолати типии ҷомеаи муосир
пурдард тасвир шудааст:

Одамоне навсохт,
Махлуқоне ҳазортаркиб
бо мағзҳои сунъии компютерӣ,
бо ҳарфҳои ҷадваливу фикрҳои дастурӣ
зиндагии башарро барнома кардаанд.

18

Фарзона бо он ки “дилаки нозуку худхора”, “хотироти сахт маҷрӯҳ”,

“дили садруфӯъ” “қалби шикаста”, “ҳастии одиву миёна” дорад ва
“содапиндору кӯдакхулқ”, “одиву заминӣ”, “хокиниҳоду ҳақназар” ва
“нозбунёд” аст ва дар зоҳир ором ба назар мерасад, дар асл як вуҷуди пур аз
фарёдҳост ва анҷоми рисолати фавқулода бузург ва душвореро ба ӯҳда
гирифтааст ва дар ин роҳ соликонаву содиқона ва дилпурона пеш меравад.”

19

17

Фарзона. Ҳама гул, ҳама тарона. – Хуҷанд: Хуросон-медиа, 2014. Ҷилди 1. – С. 425.

18

Ҳамон ҷо, – С. 454.

19

Сатторзода А. Аз фарши иҷтимоъ то арши кибриё. https://www.facebook.com/


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 13 (59) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

99

Ман фақат мехоҳам,
Мӯсафедеро аз фаромӯшхонаҳо ба ёдатон орам.
Мӯсафеди хонаи пиронро, ки ба тилфони руи мизи долон
Дергаҳ менигарад,
Ба касе мехоҳад занг занад,
Аммо ба кӣ?
Ин ҷаҳон ҳафт миллиард одам дорад, аммо, на!
Ин ҷаҳон ҳеҷ кас надорад...
Ман фақат мехоҳам мову шумо андешем
Дар сари як сухани бисёр беороя:
Яъне меҳр...
Ман дар ин қаҳтии имону қиматии ишқ
Ҳама муҳаббати худро ба шумо, эй мардум,
Ройгон мебахшам.

20

.

“Фарзона бовар бар он дорад, ки ба воситаи Шеър, Ишқ ва Имон -

“ҳамраҳони муҳкаманосираш”, яъне маънавият, илму адаб ва фарҳанг метавон
мушкилоти ҷаҳони кунунӣ ва иҷтимоъро ҳал намуд ва инсониятро ба сӯи
“Фардои нозанин” раҳнамун сохт”.

21

Агар ҷомеъа, хоссатан ҷавонон аз имконоти фаровони технологияи муосир

оқилона истифода мебурданд, ибораи қарни мошинсоз дар байти шоир маънои
манфӣ касб намекард. Одамон ҳам мисли мошини бе ҳиссу бе ҷон мешаванд.
Фоҷеъа ин ҷост. Дар “Телефуни хомўш», «Давом», «Паём», «Дар нимароҳ»,
«Саломе ба беинтиҳоӣ» ва чанде дигар шеърҳои Фарзона “мошиншавии”
одамон ва паёмадҳои номатлуби он тасвир ва таъкид шудааст.

ХУЛOСA

Чунон, ки мушоҳидда шуд, Фарзона бо падидаҳои манфии замони муосир,

хоссатан, қашшоқии маънавӣ ва бе ҳувиятии миллӣ муносибати оштинопазир
дорад. Аммо матлабашро бо дилсӯзӣ ва назокати шоирона ифода, аз истифодаи
калимаву ифодаҳои манфӣ худдорӣ мекунад ва танқидҳояш муғризона,
ҳангоматалабона нест. Ана ҳамин ҷиҳат яке аз вижагии хоси сабки Фарзона
(дар сатҳи фикрӣ) буда, дар куллияи осори ӯ ҳузури маъсуми самимиятро
таъмин мекунад.


Aдaбиёт:

1.

Гумилёв. Л. Этнослар ва табиий муҳит. https://ziyouz.uz/ilm-va-fan/

2.

Мусозода Ҳ.Таҷассуми рамзҳои ирфонии гулу гиёҳ дар ғазалиёти

Мавлоно. https://cyberleninka.ru/article/n/

20

Фарзона. Ҳама гул, ҳама тарона. – Хуҷанд: Хуросон-медиа, 2014. Ҷилди 2. – С. 12-15.

21

Сатторзода А. Аз фарши иҷтимоъ то арши кибриё. https://www.facebook.com/


background image

International scientific journal

“Interpretation and researches”

Volume 1 issue 13 (59) | ISSN: 2181-4163 | Impact Factor: 8.2

100

3.

Мирзоюнус М. Осорномаи Фарзона. – Хуҷанд: ҶММ Хуросон, 2021

4.

Ҳакимова С. Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ. – Хуҷанд: Ношир, 2018. – С.

106-118.

5.

Фарзона. Ҳама гул, ҳама тарона. – Хуҷанд: Хуросон-медиа, 2014.

Ҷилди 1. – С. 254, 264, 341, 343, 344, 368, 396, 443, 445, 454, 455.

6.

Фарзона. Ҳама гул, ҳама тарона. – Хуҷанд: Хуросон-медиа, 2014.

Ҷилди 2. – С. 93, 140, 163, 264.

7.

Сатторзода А. Аз фарши иҷтимоъ то арши кибриё.

https://www.facebook.com/

Библиографические ссылки

Гумилёв. Л. Этнослар ва табиий муҳит. https://ziyouz.uz/ilm-va-fan/

Мусозода Ҳ.Таҷассуми рамзҳои ирфонии гулу гиёҳ дар ғазалиёти Мавлоно. https://cyberleninka.ru/article/n/

Мирзоюнус М. Осорномаи Фарзона. – Хуҷанд: ҶММ Хуросон, 2021

Ҳакимова С. Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ. – Хуҷанд: Ношир, 2018. – С. 106-118.

Фарзона. Ҳама гул, ҳама тарона. – Хуҷанд: Хуросон-медиа, 2014. Ҷилди 1. – С. 254, 264, 341, 343, 344, 368, 396, 443, 445, 454, 455.

Фарзона. Ҳама гул, ҳама тарона. – Хуҷанд: Хуросон-медиа, 2014. Ҷилди 2. – С. 93, 140, 163, 264.

Сатторзода А. Аз фарши иҷтимоъ то арши кибриё. https://www.facebook.com/