МАВҚЕИ ҲАҶВ ВА ҲАҶВНИГОРӢ ДАР АДАБИЁТИ БАЧАГОНАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Annotasiya

Дар ин мақола нақши ҳаҷв ва ҳаҷвнигорӣ дар адабиёти бачагонаи даврони Истиқлол таҳлил карда шудааст. Муаллиф ба хусусиятҳои асосии ҳаҷви кӯдакона, мавзӯъ ва сабки офариниш дар асарҳои адибони муосири тоҷик, бахусус Бахтиёр Ҷумъа, таваҷҷуҳ мекунад. Ҳамчунин, ҷойгоҳи ҳаҷв ҳамчун воситаи маърифатӣ ва тарбиявӣ барои хонандагони хурдсол низ баррасӣ мешавад.

Manba turi: Jurnallar
Yildan beri qamrab olingan yillar 2023
inLibrary
Google Scholar
Chiqarish:
288-290
0

Кўчирилди

Кўчирилганлиги хақида маълумот йук.
Ulashish
Амонов Ҳасан Ҳалим ӯғли,Қаюмов Нодир Найимович. (2025). МАВҚЕИ ҲАҶВ ВА ҲАҶВНИГОРӢ ДАР АДАБИЁТИ БАЧАГОНАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Международный журнал научных исследователей, 12(1), 288–290. Retrieved from https://www.inlibrary.uz/index.php/ijsr/article/view/130465
0
Iqtibos
Crossref
Сrossref
Scopus
Scopus

Annotasiya

Дар ин мақола нақши ҳаҷв ва ҳаҷвнигорӣ дар адабиёти бачагонаи даврони Истиқлол таҳлил карда шудааст. Муаллиф ба хусусиятҳои асосии ҳаҷви кӯдакона, мавзӯъ ва сабки офариниш дар асарҳои адибони муосири тоҷик, бахусус Бахтиёр Ҷумъа, таваҷҷуҳ мекунад. Ҳамчунин, ҷойгоҳи ҳаҷв ҳамчун воситаи маърифатӣ ва тарбиявӣ барои хонандагони хурдсол низ баррасӣ мешавад.


background image

INTERNATIONAL JOURNAL OF SCIENTIFIC RESEARCHERS

ISSN: 3030-332X Impact factor: 8,293

Volume 12, issue 1, June 2025

https://wordlyknowledge.uz/index.php/IJSR

worldly knowledge

Index:

google scholar, research gate, research bib, zenodo, open aire.

https://scholar.google.com/scholar?hl=ru&as_sdt=0%2C5&q=wosjournals.com&btnG

https://www.researchgate.net/profile/Worldly-Knowledge

https://journalseeker.researchbib.com/view/issn/3030-332X

288

МАВҚЕИ ҲАҶВ ВА ҲАҶВНИГОРӢ ДАР АДАБИЁТИ БАЧАГОНАИ

ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Амонов Ҳасан Ҳалим ӯғли

Донишҷӯи донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон -Финландия

hasanamonov916@gmail.com

Роҳбари илмӣ:

Қаюмов Нодир Найимович

Дотсенти донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон -Финландия

Аннотатсия:

Дар ин мақола нақши ҳаҷв ва ҳаҷвнигорӣ дар адабиёти бачагонаи даврони

Истиқлол таҳлил карда шудааст. Муаллиф ба хусусиятҳои асосии ҳаҷви кӯдакона,

мавзӯъ ва сабки офариниш дар асарҳои адибони муосири тоҷик, бахусус Бахтиёр Ҷумъа,

таваҷҷуҳ мекунад. Ҳамчунин, ҷойгоҳи ҳаҷв ҳамчун воситаи маърифатӣ ва тарбиявӣ

барои хонандагони хурдсол низ баррасӣ мешавад.

Калидвожаҳо:

Ҳаҷв, ҳаҷвнигорӣ, адабиёти бачагона, даврони Истиқлол, шӯхӣ, ханда,

тарбияи кӯдакон, маърифат, адибони муосир, Бахтиёр Ҷумъа, воситаи тарбиявӣ, воситаи

маърифатӣ.

Ҳаҷв дар адабиёти бачагона яке аз жанрҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки на танҳо

хонандаро хушнуд месозад, балки тавассути ҳазлу шӯхи хабарҳои муҳимро ба онҳо

мерасонад. Дар даврони Истиқлол адабиёти кӯдаконаи тоҷик рушд кард ва адибон бо

истифода аз ҳаҷв кӯшиш намуданд, ки мушкилоти иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавиро барои

кӯдакон ба таври оммафаҳм ва шавқовар пешниҳод намоянд.

Ҷойгоҳи ҳаҷв дар адабиёти бачагонаи муосир

Дар адабиёти бачагонаи истиқлол ҳаҷв бештар дар шакли афсонаҳои ҳазломез,

шеърҳои ҳаҷвӣ ва ҳикояҳои кӯтоҳ зуҳур меёбад. Адибони тоҷик бо истифода аз шӯхиву

мутоиба на танҳо дилхушӣ мебахшанд, балки хонандаро ба андеша водор месозанд. Дар

ин замина, эҷодиёти нависандагоне чун Ғанӣ Ҷӯразода, Ҳаким Карим, Аслиддин

Ҳабибуллоҳ, Саидалӣ Маъмур ва Бахтиёр Ҷумъа нақши муҳим доранд.

Мавзӯъҳои асосии ҳаҷв дар адабиёти бачагона:
1. Одоб ва ахлоқ

– Бисёре аз асарҳои ҳаҷвӣ бо ҳадафи тарбияи ахлоқии кӯдакон

навишта шудаанд. Масалан, шӯхиҳои ҳаҷвӣ дар бораи танбалӣ, дурӯғгӯӣ ё беэҳтиромӣ ба

калонсолон боиси худтарбияи кӯдакон мегардад.

2. Масъалаҳои иҷтимоӣ

– Дар баъзе асарҳо ҳаҷв ҳамчун воситаи интиқоди

одатҳои номатлуби ҷомеа истифода мешавад.

3. Омӯзиши ҳаёт ва ҷаҳонбинӣ

– Бисёр шеърҳои ҳаҷвӣ кӯдаконро ба хулосаҳои

мантиқӣ оварда, ба онҳо кӯмак мекунанд, ки муносибати дуруст ба муҳит ва ҷомеа дошта

бошанд.

Эҷодиёти ҳаҷвии Бахтиёр Ҷумъа


background image

INTERNATIONAL JOURNAL OF SCIENTIFIC RESEARCHERS

ISSN: 3030-332X Impact factor: 8,293

Volume 12, issue 1, June 2025

https://wordlyknowledge.uz/index.php/IJSR

worldly knowledge

Index:

google scholar, research gate, research bib, zenodo, open aire.

https://scholar.google.com/scholar?hl=ru&as_sdt=0%2C5&q=wosjournals.com&btnG

https://www.researchgate.net/profile/Worldly-Knowledge

https://journalseeker.researchbib.com/view/issn/3030-332X

289

Бахтиёри Ҷумъа соли 1953 дар ноҳияи Самарқанд таваллуд ёфтааст. Мактабҳои

ҳаштсолаву миёнаи рақамҳои 47 ва 16-и зодгоҳашро хатм карда, шомили Донишкадаи

давлатии омӯзгории Самарқанд шудааст. Муддате чанд муаллимӣ кардааст. Чандин сол

дар матбуоти Тоҷикистон кор кардааст. Узви иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорон

гаштааст. Бахтиёр Ҷумъа яке аз адибони шинохтаи муосири тоҷик мебошад, ки бо

эҷодиёти ҳаҷвии худ дар адабиёти бачагона шуҳрат пайдо кардааст. Ӯ дар қатори дигар

адибони шинохта, аз қабили Болта Ортиқзода, Салим Кенҷа, Адаш Истад ва дигарон, ба

рушду таҳкими адабиёт ва мактабу маорифи тоҷикони Самарқанд мусоидат намудааст. Ӯ

бо навиштани шеърҳои ҳаҷвӣ, ҳикояҳои хандаовар ва тамсилҳои ҳазломез тавонистааст,

ки таваҷҷуҳи кӯдаконро ба худ ҷалб намояд. Дар асарҳои ӯ ҳаҷв на танҳо ҳамчун воситаи

хандаоварӣ, балки ҳамчун воситаи тарбиявӣ ва маърифатӣ истифода мешавад.

Қаҳрамонҳои асарҳояш аксар вақт шахсиятҳои хандаоваранд, ки бо рафтори содалавҳона

ё маккоронаи худ ба хонанда ибрат медиҳанд. Яке аз хислатҳои хоси эҷодиёти ӯ

истифодаи забони равон, образҳои хандаовар, ки ба кӯдакон имкон медиҳад бо шавқ

мутолиа кунанд. Дар ҳикояҳояш аксар вақт персонажҳо аз ҷаҳони кӯдакона баромада, бо

воқеаҳои хандаовари худ хонандаро ба андеша водор месозанд. Бахтиёри Ҷумъа

муаллифи китобҳои «Хандахариш», «Гап байни худамон монад», «Савғо», «Доруи

дарозумрӣ», «Хазинаи ханда», «Маликаи доно», «Бойчечак», «Асали бобо» аст. Якҷоя бо

профессори ДДС Кибриё Ҳасанова китобҳои дарсии «Антологияи педагогӣ» ва «Одоби

оиладорӣ»-ро таълиф кардааст.

Усулҳои ҳаҷвнигорӣ дар асарҳои Бахтиёр Ҷумъа

Баъзе персонажҳои асарҳои ӯ бо хислатҳои муболиғаомез сохта шудаанд, ки

хонандаро ба ханда меоранд. Ин тарзи баён ба забони сода ва шавқовари кӯдакона

мутобиқ карда шудааст. Дар ҳикояҳои ӯ аксар вақт рӯйдодҳое ҷой доранд, ки ногаҳонӣ

ва ғайриинтизор буда, хонандаро ба ҳайрат меоранд. Инак ҳикояи дар зер овардашудаи

ӯро дида мебароем.

ХОҲАРЧААМРО ИВАЗ КАРДА БИЁРЕД

Замир бо завқи баланд сурат кашида, онро ранг мекард. Ҳамин вақт хоҳарчааш

омада, ба қаламҳои рангаи ӯ чанг зад. Замир қаламҳояшро ба бағалаш кашид. Хоҳарчааш

аз алам сурати кашидаистодаи Замирро кашола карда дарронд. Замир ба назди модараш

омада, шикоятомез ар-рос зад:

– Барои чӣ аз духтурхона ҳамин хел як духтарчаи гандаро харидед?
Модараш барои бартараф кардани ҷанҷоли фарзандон ва дилбардории Замир гуфт:
– Мана коғази сафед. Аз сари нав сурати дилхоҳатро каш!
Лекин Замир коғазро аз дасти модар нагирифта, бо қаҳру ғазаб дод зад:
– Ба ман ин хел хоҳарча даркор не. Ба духтурхона бурда, дигарашро биёред.
Ин гапро шунида хоҳарчааш варақи расмкашидаи акаашро, ки дарронида буд,

паҳлӯи ҳам гузошта, оҳиста ба пеши Замир тела дод.


background image

INTERNATIONAL JOURNAL OF SCIENTIFIC RESEARCHERS

ISSN: 3030-332X Impact factor: 8,293

Volume 12, issue 1, June 2025

https://wordlyknowledge.uz/index.php/IJSR

worldly knowledge

Index:

google scholar, research gate, research bib, zenodo, open aire.

https://scholar.google.com/scholar?hl=ru&as_sdt=0%2C5&q=wosjournals.com&btnG

https://www.researchgate.net/profile/Worldly-Knowledge

https://journalseeker.researchbib.com/view/issn/3030-332X

290

– Сурата гир, ман гашта намеравам... Ин ҷо калон шуда базӯр шумо барин акаҷона

ёфтам-у...

Бевосита дар ин ҳикояи нависанда низ мо ҳаҷву мутоибаро диданамон мумкин аст.

Ӯ тавонистааст, ки дар ҳамин ҳикояи хурдакаки худ ҳазлу шӯхӣ, ҳаҷвиёт ва суханҳои

хандаоварро моҳирона истифода барад. Зеро, кас аз хондани ин бевосита хандида, дар

худ як кайфияти навро пайдо мекунад.

Хулоса

Ҳаҷв дар адабиёти бачагонаи даврони Истиқлол ҳамчун воситаи пурқуввати

тарбия, маърифат ва шавқоварӣ нақши муҳим дорад. Адибони тоҷик бо истифода аз ҳаҷв

тавонистанд асарҳои хонданибоб ва ибратомӯз эҷод кунанд, ки дар тарбияи насли наврас

таъсири назаррас доранд. Аз ҷумла, эҷодиёти Бахтиёр Ҷумъа дар ин самт нақши махсус

дорад, зеро асарҳои ӯ бо забони содда, образҳои хандаовар ва паёмҳои тарбиявӣ диққати

хонандагони хурдсолро ҷалб менамоянд. Махсусан, ҳаҷв ва ҳаҷвнигорӣ дар рушди

шууру зудфаҳмии кӯдакон аҳамияти калонро соҳиб аст. Хонанда метавонад бо воситаи

ҳикояву асарҳои ҳаҷвии нависандагон, бисёр хусусият ва характерҳои инсониро омӯзанд.

Зеро нависанда он ҳама образҳо ва тасвирҳояшро дар навиштаҳои худ басо пуробуранг

ва бо бадеияти баланд инъикос мекунонад, то ки хонанда онро зудтар фаҳмида дарк

намояд. Ана ҳамин гуна хусусияту ҷиҳатҳои асарҳои ҳаҷвӣ бештар диққати хонандаро ба

худ ҷалб мекунад.

Адабиёти истифодашуда:

1. Ҷумъа, Б. "Шеърҳои ҳаҷвӣ барои кӯдакон". – Душанбе: Нашриёти "Адиб", 2022.
2. Ҷӯразода, Ғ. "Ҳаҷв дар адабиёти бачагонаи муосир". – Душанбе: "Маориф", 2019.
3. Маъмур, С. "Танзу мутоиба дар адабиёти кӯдакон". – Душанбе: "Адиб", 2020.
4. Ҳабибуллоҳ, А. "Санъати ҳаҷвнигорӣ дар адабиёти бачагона". – Душанбе: "Пайванд",

2021.
5. Карим, Ҳ. "Маҳорати ҳаҷвнигории адибони тоҷик". – Душанбе: "Фарҳанг", 2018.

Bibliografik manbalar

Ҷумъа, Б. "Шеърҳои ҳаҷвӣ барои кӯдакон". – Душанбе: Нашриёти "Адиб", 2022.

Ҷӯразода, Ғ. "Ҳаҷв дар адабиёти бачагонаи муосир". – Душанбе: "Маориф", 2019.

Маъмур, С. "Танзу мутоиба дар адабиёти кӯдакон". – Душанбе: "Адиб", 2020.

Ҳабибуллоҳ, А. "Санъати ҳаҷвнигорӣ дар адабиёти бачагона". – Душанбе: "Пайванд", 2021.

Карим, Ҳ. "Маҳорати ҳаҷвнигории адибони тоҷик". – Душанбе: "Фарҳанг", 2018.